Статьи и обзоры nachodki.ru

ТАҲИЯИ РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

ТИБҚИ ТАЛАБОТИ СТАНДАРТҲОИ ДАВЛАТӢ

Китобҳое, ки як муаллиф доранд дар рӯйхати адабиёт бо тартиби зерин бояд нишон дода шаванд:

     Монография
1.Шарипов К.И. Истиқлолияти сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ. Монография / К.И.Шарипов. –Душанбе: Эр-граф, 2015. – 320 с.
2.Толочко О.Н. Введение в теорию правового регулирования внешнеэкономических отношений. Монография / О.Н.Толочко. –Гродно: Изд-во «ЮнитиДана», 2003. – 184 с.

   Китоби дарсӣ
1.Алиев А.Б. Асосҳои маркетинг. Китоби дарсӣ / А.Б.Алиев. – Душанбе: Империал Групп, 2016. – 320 с.
2.Сосновский Б.А. Психология. Учебник для педагогических вузов / Б.А.Сосновский. – М.: Высшее образование, 2008. – 600 с.

   Воситаи таълимӣ
1.Шарипов А.Б. Раванди ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон. Воситаи таълимӣ / А.Б.Шарипов. –Душанбе: Эр-граф, 2013. – 180 с.
2.Колчинская В.Ю. Анализ данных в социологии. Учебное пособие / В.Ю.Колчинская. –Челябинск: Изд-во «Юрайт», 2010. – 85 с.

Китобҳое, ки ду ё се муаллиф доранд, дар рӯйхати адабиёт дар аввал номи муаллифи якум нишон дода шуда, баъди номи маводи чопӣ ва дигар маълумоти ба он дахлдор ҳамаи муаллифон нишон дода мешаванд.

   Монография
1.Чалдаева Л.А. Экономика предприятия. Монография / Л.А.Чалдаева, А.П.Акимов. –М.: Юрайт, 2011. – 290 с.
2.Горбаневский М. В. Не говори шершавым языком: О нарушениях норм литературной речи в электронных и печатных СМИ. Монография / М. В. 3.Горбаневский, Ю.Н. Караулов, В.М. Шаклеин. - 3-е изд., испр. и доп. - М.: Изд-во РУДН, 2010. - 300 с.

   Китоби дарсӣ
1.Соловьев А.А. Защита информации и информационная безопасность. Учебник / А.А.Соловьев, С.Е.Метелев, С.А.Зирянова. – Омск: Изд-во РГТЭУ, 2011. – 426 с.
2.Косолапова Н.В. Безопасность жизнедеятельности. Учебник для студентов / Н.В.Косолапов, Н.А.Прокопенко, Е.Л.Побежимова. – 6-е изд., испр. – М.: Академия, 2015. –288 с.

   Воситаи таълимӣ
1.Шарипов А.Б. Раванди ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон. Воситаи таълимӣ / А.Б.Шарипов, Р.Г.Назаров, Д.В.Каримов. –Душанбе: Эр-граф, 2013. – 180 с.
2.Дмитриева Т. М. Сенсорная экология. Учебное пособие для вузов / Т.М. Дмитриева, Ю.П. Козлов. - 2-е изд., перераб. и доп. - М.: Изд-во РУДН, 2010. - 404 с.

Китобе, ки зиёда аз чаҳор муаллиф дошта бошад, номи муаллифи якум дар аввал нишон дода шуда, баъди номи маводи чопӣ номи муаллифи якум такроран навишта шуда, ибораи «ва диг.» ҳамроҳ карда мешавад. Намуна:
1.Шарипов А.Б. Раванди ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон. Монография / А.Б.Шарипов ва диг. –Душанбе: Эр-граф, 2013. – 180 с.
2.Шарипов К.И. Истиқлолияти сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ. Монография / К.И.Шарипов ва диг. –Душанбе: Эр-граф, 2015. – 320 с.

Баъзан китобҳои дорои зиёда аз чаҳор муаллиф, ки онҳоро одатан коллективи муаллифон меноманд, дар рӯйхати адабиёт бо номи маводи чопӣ навишта мешаванд. Чунин китобҳоро монографияи коллективӣ ва ё китоби дарсии коллективӣ номидан мумкин аст. Намуна:
Таърихи сиёсии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ / зери таҳрири Олимов К.Р. –Душанбе: Дониш, 2015. – 230 с.

Маводи дар маҷаллаи илмӣ чопшуда одатан аз мақолаҳои илмӣ иборат мебошад. Бинобар ин, ҳангоми дар рӯйхати адабиёт нишон додани маводи ин ё он маҷалла ҳатман талаботи зерин бояд ба инобат гирифта шавад: Насаби муаллиф пурра ва номи ӯ дар шакли ихтисор, номи мақолаи муаллиф, номи муаллиф баръакс, номи маҷаллаи илмӣ, соли нашр, рақами маҷалла, саҳифаҳое, ки дар онҳо мақола чоп шудааст. Номи маҷалла бояд пурра ва бехато навишта шавад. Баъзе маҷаллаҳо инчунин номи ихтисоршуда низ доранд, ки дар чунин ҳолат номи маҷалларо дар шакли ихтисор навиштан ҷоиз аст. Паёмҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номи ихтисоршуда надоранд. Масалан, агар «Паёми ДМТ» нависем хато аст. Номи маҷаллаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бояд пурра навишта шаванд.

   Мақолаи маҷаллаи илмӣ
1.Тохирова Р.С. Пути совершенствования аудита эффективности государственной собственности / Р.С.Тохирова // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. – 2016. – №2/3 (201). –С.3-7.
2.Сафарова Н. Ашъори ватанхоҳии Саидҷон Ҳакимзода / Н.Сафарова // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ. – 2017. – №4/2. –С.216-221.
3.Баронов В.И. Участие Индии в региональных торговых соглащениях / В.И.Баронов, Г.М.Костюнина // Вестник МГИМО Университета. – 2017. –№2 (53). –С.90-108.

   Мақолаи газета:
1.Наҷибуллоев А. Амнияти озуқаворӣ – афзалияти сиёсати иҷтимоию сиёсӣ / А.Наҷибуллоев // Садои мардум. – 2012. – 16 феврал. –№19 (2846).
2.Зуҳуров Ш. Истиқлолият ва рушди парламентаризми тоҷик / Ш.Зуҳуров // Ҷумҳурият. – 2016. – 2 сентябр. – №177.
3.Иванов Д.А. Регулирование труда творческих работников / Д.А.Иванов // Новая газета. – 2012. – 10 сентября. –№25.

   Диссертатсия
1.Ходибоев Ф.А. Место и роль молодежи в социальной структуре таджикского общества: дис. ... канд. филос. наук: 09.00.11 / Ф.А.Ходибоев. – Душанбе, 2015. – 156 с.
2.Золотухин А.В. Правовое обеспечение страхования предпринимательских рисков в гражданском праве Республики Таджикистан: дис. ... д-ра юрид. наук: 12.00.03 / А.В. Золотухин. –Душанбе, 2015. – 317 с.

   Автореферат
1.Кодиров З.К. Формирования местного самоуправления как социального института в Республике Таджикистан (социально-философский анализ): автореф. дис. ... канд. филос. наук: 09.00.11 / З.К. Кодиров. –Душанбе, 2016. – 24 с.

   Маводи конференсия
1. Давлатов Д. Политическая независимость и национальная идея / Д.Давлатов // Язык и самопознание: материалы республиканской конференции (г.Душанбе, 27-28 марта 2008 г.) –Душанбе, 2008. - С. 104- 107.
2. Аюбов Ш.Р. Национализм и его специфические особенности / Ш.Р.Аюбов // Политическая независимость: проблемы, противоречия и их решения: материалы республиканской конференции (г.Душанбе, 20-21 мая 2011 г.). –Душанбе: Сино,– С. 177-181.

Маводи маҷмӯаҳои илмӣ
1.Иванов А.А. Особенности преподавания психологии / А.А.Иванов // Наша психология. –СПб.: Наука, 2012. – С.90-100.
2.Шаталов С.Б. Прав и свобод интелектуальной собственности / С.Б.Шаталов // Правовое регулирование международных сделок с интеллектуальной собственностью. – М.: ИЭПП, 2010. – С.75-82.

   Манбаъҳои электронӣ:
Барои нишон додани маводи электроние, ки дар шабакаи интернет ҷойгир аст, маълумоти зерин ба таври ҳатмӣ бояд инъикос карда шавад: номи муаллиф, номи маводи электронӣ, нишонии саҳифаи мушаххаси интернетӣ ва санаи истифодабарӣ. Санаи истифодабарӣ ба он хотир нишон дода мешавад, ки сомонаҳои интернетӣ баъзан таҳрир шуда, таѓйир меёбанд ва ҳатто саҳифаи мазкур ҳазф мешавад. Аз ин рӯ, нишон додани санаи истифодабарии маводи электронӣ хеле муҳим мебошад. Намуна:

   Манбаъҳои электронӣ
1.Эсенов М. Центральная Азия на пороге XXI века [электронный ресурс]. URL: https://www.ca-c.org/datarus/esenov3.shtml (дата обращения: 11.10.2017 г.)
2.Олифтаев И. Конститутсия - пойдевори мустаҳками низоми ҳуқуқии башар [манбаи электронӣ]. URL: http://sadoimardum.tj/i-tisod/i-timoiyot/konstitutsiya-pojdevori-musta-kami-nizomi-u-u-ii-kishvar/ (санаи истифодабарӣ: 11.10.2017)
3.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2016 [манбаи электронӣ]. URL: http://president.tj/node/13739  (санаи истифодабарӣ: 15.10.2017)

Эзоҳ: бояд дар хотир дошт, ки чи гунае, ки китоб аз саҳифаи китоб фарқ дорад, сомонаи интернетӣ низ аз саҳифаи интернетӣ фарқ дорад. Бинобар ин, ҳангоми нишон додани маводи электронӣ ҳеҷ гоҳ номи сомонаро нишон намедиҳанд. Бояд нишонии саҳифаи интернетӣ нишон дода шавад. Зеро як сомонаи интернетӣ аз саҳифаҳои бешумор иборат мебошад. Дар сурати нишон надодани саҳифаи интернетӣ, пайдо намудани он барои хонанда хеле мушкил ва ҳатто имконнопазир мегардад. Мутассифона баъзе аз муаллифон танҳо номи сомонаи интернетиро нишон медиҳанд, ки ин хатост. Масалан, баъзе аз муаллифон ҳангоми истифодаи сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (president.tj) дар рӯйхати адабиёти истифодашуда танҳо номи сомонаро нишон медиҳанду бас. Аммо бояд дар назар гирифт, ки маводи истифодашуда ҳарчанд дар сомонаи мазкур ҷойгир бошад ҳам, он дар яке аз саҳифаҳои ин сомона чоп карда шудааст. Аз ин хотир, на номи сомона, балки нишонии саҳифаи сомонаи интернетии мазкур бояд нишон дода шавад.
Ғайр аз риояи қоидаҳои мазкур, инчунин як қатор талаботи дигар низ нисбат ба таҳияи рӯйхати адабиёт вуҷуд дорад, ки онҳоро низ зарур шуморидем ёддоварӣ намоем.
– дар мақолаи илмӣ ҳеҷ гоҳ адабиёти истифодашударо дар поварақ нишон намедиҳанд. Дар поварақ нишон додани адабиёти истифодашуда хоси китобҳои илмӣ ва рисолаҳои илмӣ мебошад. Дар мақолаи илмӣ ҳангоми иқтибосоварӣ рақами тартибии адабиёт, ки дар рӯйхати адабиёти истифодашуда ҷойгир карда шудааст, дар дохили қавси чаҳоркунҷа [] нишон дода мешавад. Инчунин дар дохили қавси чаҳоркунҷа дар баробари рақами тартибии адабиёт дар аксар маврид саҳифаи мушаххаси китоб низ нишон дода мешавад. Намунаи истифодаи адабиёти иқтибосовардашуда дар дохили матн чунин аст: [4, с.125] Яъне адабиёти №4, саҳифаи 125.
– дар руйхати адабиёт нишон додани саҳифаи умумии китоб ҳатмӣ мебошад. Баъзеҳо дар рӯйхати адабиёт саҳифаи истифодашудаи китобро нишон медиҳанд, ки ин хато аст. Саҳифаи мушаххас танҳо дар дохили матн ҳангоми иқтибосоварӣ нишон дода мешавад.
– дар рӯйхати адабиёти истифодашуда ҳеҷ гоҳ як адабиёт ду маротиба нишон дода намешавад. Инчунин навиштани ибораҳои «Ҳамон ҷо», «Ҳамон асар», «Там же», «Он же» ва монанди инҳо низ дар рӯйхати адабиёт ҷоиз нест. Дар рӯйхати адабиёт як сарчашма як бор нишон дода мешавад ва дар доихили матн ҳар куҷое, ки истифода бурда шавад, ишора ба рақами тартибии он карда мешавад;
– номи шаҳрҳо пурра навишта мешаванд. Мувофиқи талаботи стандартҳои маҷуда ба таври истисно номи якчанд шаҳр дар шакли ихтисор нишон дода мешаванд, ки инҳо мебошанд: – М. (Москва), – Л. (Ленинград), – СПб. (Санкт-Петербург), – Н.Новгород (Нижний Новгород), –Ростов н/Д (Ростов на Дону), –L (Лондон), –P (Париж), –N-Y. (Нью-Йорк).
– маводи чопӣ бо кадом забоне, ки чоп шуда бошад, дар рӯйхати адабиёт низ бо ҳамон забон навишта мешавад. Масалан, мақолаи илмӣ агар бо забони русӣ чоп шуда бошад, аз номи муаллиф сар карда, то номи мақола ва номи маҷаллаи илмӣ бо забони русӣ навишта мешавад. Чунин талабот нисбат ба китобҳо ва дигар навъи сарчашмаҳои илмӣ низ тааллуқ дорад;
– бояд дар назар дошт, ки мақолаи илмӣ дар заминаи омӯзиш ва таҳлили маводи илмӣ омода ва ба нашр пешниҳод карда мешавад. Мувофиқи муқаррароти стандартҳои давлатӣ ба маводи илмӣ чунин навъи корҳои илмиро дохил менамоянд: монография, мақолаи илмӣ, мақолаи маҷмӯаҳои илмӣ, маводи конференсия, фишурдаи маърӯзаҳои конференсияи илмӣ, диссертатсия (рисолаи илмӣ) ва автореферати диссертатсия. Бо назардошти навъҳои мухталифи маводи илмӣ дар рӯйхати адабиёт низ 70-80% адабиёти истифодашударо маводи илмӣ бояд ташкил диҳад. Аммо дар амалия мақолаҳои илмиеро дидан мумкин аст, ки дар он ҳатто ягон маводи илмӣ истифода нашудааст.
– дар ҳеҷ яке аз стандартҳои давлатӣ шумораи адабиёти истифодашуда барои мақолаи илмӣ таъкид нагардидааст. Аммо таҳлили таҷрибаи омода намудани мақолаҳои илмии маҷаллаҳои илмии номдор нишон медиҳанд, ки дар раванди омода намудани мақолаи илмӣ на камтар аз 10 ва на бештар аз 20-25 адабиёти илмӣ бояд истифода бурда шавад.
– дар рӯйхати адабиёт исми нашриёт бо ҳарфи калон бе нохунак навишта мешавад. Аммо агар калимаи «нашриёти» илова карда шавад, он гоҳ исми нашриёт дар нохунак оварда мешавад. Масалан:
Салимов Д.Л. Асосҳои маркетинг. Китоби дарсӣ / Д.Л.Салимов. – Душанбе: Нашриёти «Ирфон», 2012. – 252 с.
ё ин ки:
Салимов Д.Л. Асосҳои маркетинг. Китоби дарсӣ / Д.Л.Салимов. – Душанбе: Ирфон, 2012. – 252 с.
Аз рӯи талаботи стандартҳои аврупоӣ дар рӯйхати адабиёт баъди нишон додани маводи истифодашуда рақамҳои DOI низ нишон дода мешавад. Намуна:
Ибрагимова К.А. Электрификация сельской Индии как фактор развития и борьбы с бедностью / К.А.Ибрагимова // Вестник МГИМО Университета. – 2017. –№2 (53). – С.109-130. DOI: 10.24833/2071-8160-2017-2-53-109-130
Богатов В.В. Формирование институтов социальной помощи в России / В.В.Богатов // Вестник Московского государственного областного университета. Серия: история и политические науки. – 2017. –№3. –С.106-114. DOI: 10.18384/2310-676X-2017-3-106-114 
DOI - digital object identifier (муайянкунандаи маводҳои электронӣ ва рақамӣ). Нишон додани рақами DOI дар рӯйхати адабиёт маънои онро дорад, ки ҳар як нафари завқманд адабиёти мазкурро ба осонӣ пайдо намуда мутолиа менамояд. Ба воситаи рақами DOI дар сомонаи http://doi.org ба осонӣ пайдо намудани маводи зарурӣ хеле қуллай мебошад. Нишон додани рақами DOI дар давлатҳои ѓарбӣ яке аз талаботи ҳатмии таҳияи рӯйхати адабиёти истифодашуда мебошад. Аммо дар давлатҳои пасошӯравӣ он қадар ҳатмӣ нест. Зеро 99% маҷаллаҳо ва дигар навъи маводи чопӣ ҳанӯз дар ин ширкат сабти ном нашудаанд ва DOI надоранд. Аммо дар ояндаи наздик нишон додани DOI ба яке аз талаботҳои муҳими таҳияи рӯйхати адабиёт табдил меёбад. Бинобар ин, ҳангоми истифодаи маводи маҷаллаҳое, ки DOI доранд, нишон додани рақами он хеле аҳамиятнок аст. Зеро бо нишон додани рақами DOI мо кори хонандагон ва муҳаққиқонро хеле осон менамоем ва онҳо дар баробари мутолиаи мақолаи шумо инчунин имкон пайдо менамоянд, ки адабиёти истифоданамудаи шуморо дастрас намуд, мутолиа намоянд.

   
© Сафарализода Худжамурод Куддуси (ответственный редактор и дизайнер сайта)