МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН
Талабот нисбат ба мақолаҳои илмӣ:
- Риоя намудани «Этикаи чопи мақола дар маҷаллаҳои илмии ДМТ»;
- таҳияи мақола бо ҳуруфи Times New Roman барои матнҳои русию англисӣ ва бо ҳуруфи Times New Roman Tj барои матни тоҷикӣ, ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 мм;
- ҳаҷми мақола: формати А4, бо рӯйхати адабиёту аннотатсияҳо на камтар аз 15 саҳифа ва на беш аз 30 саҳифа;
- индекси УДК (индекси мазкурро аз дилхоҳ китобхонаи илмӣ дастрас намудан мумкин аст);
- номи мақола;
- насаб ва дар шакли ихтисор ном ва номи падари муаллиф (он);
- номи муассисае, ки дар он муаллиф(он)и мақола кору фаъолият менамояд;
- матни асосии мақола (на камтар аз 10 саҳифа; схема, расм ва ҷадвал дар матни асосии мақола ворид намешавад);
- рӯйхати адабиёти истифодашуда на камтар аз 15 номгӯ адабиёти илмӣ. Ба нашри мақолаҳое бартарӣ дода мешавад, ки ба сарчашмаҳои нашршудаи илмии солҳои охир ва манбаъҳои муътамад бештар такя кардаанд. Номгӯи адабиёти ба муаллиф тааллуқдошта набояд беш аз 25%-и рӯйхати адабиёти мақоларо ташкил диҳад;
- рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд бо ду шакл таҳия гардад: 1) ба забони аслии китоб (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) ва 2) тарҷумаи ҳама номгӯи адабиёт ба забони русӣ (танҳо дар маҷаллаи «Паёми ДМТ. Бахши илмҳои табиӣ» ба забони англисӣ);
- таваҷҷуҳи муаллиф (он) дар мақола ба таҳқиқоти қаблии доир ба мавзӯи мақола, ки дар маҷаллаи «Паёми ДМТ» ба нашр расидааст;
- тарҷумаи номи мақола, аннотатсия ва калидвожаҳо бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), аннотатсия дар ҳаҷми на камтар аз 25 сатр (аз 150 то 200 калима) ва калидвожаҳо аз 7 то 10 номгӯ;
- дар баробари пешниҳоди шакли электронии мақола пешниҳоди шакли чопии он дар як нусха ҳатмӣ мебошад;
- аризаи муаллиф(он) ба редаксия оид ба асолати мақола ва ризоияти чоп;
- мақолаи аспирант/докторанти Ph.D/ унвонҷӯ танҳо бо тавсияи роҳбари илмӣ/мушовири илмӣ қабул карда мешавад;
- мақолаи магистрант танҳо бо ҳаммуаллифӣ бо номзад/доктори илм қабул карда мешавад;
- маълумот дар бораи муаллиф (он) бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
- нишон додани манбаи иқтибос дар қавси чаҳоркунҷа [ ];
- рақамгузории нақша, схема ва диаграммаву расмҳо ва тарҷумаи номи шарҳдиҳандаи онҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
- маълумотномаи антиплагиати мақолаи бо забонҳои русӣ ва ё англисӣ таҳияшуда талаб карда мешавад.
ЭЗОҲ:
- Мақолаи ба маҷалла воридшуда аз ҷониби ҳайати таҳририяи силисиламаҷаллаҳои илмии ДМТ дар муддати 30 рӯз баррасӣ мегардад;
- Маблағи чопи мақола пас аз тавсия шудани мақола ба нашр қабул карда мешавад.
ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
БАХШИ ИЛМҲОИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ
ТАРТИБИ ТАҚРИЗДИҲӢ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ
Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, аз ташхиси пешакӣ гузаронида мешаванд (ташхис аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳаи дахлдор анҷом дода мешавад) ва сипас дар доираи тартиботи ҷорӣ барои чоп қабул мегарданд. Талабот барои тартиб додани шакли ниҳоии матни мақола дар ҳар як шумораи маҷалла чоп карда мешавад.
Ҳангоми қабули шакли дастнависи мақола, корбарони маҷалла нисбат ба мундариҷа ва риояи талаботи асосӣ ба муаллиф хабар медиҳанд ва он норасогиҳое, ки дар мақола ҷой доранд, то оғози ташхис аз ҷониби муаллиф бояд бартараф карда шаванд.
Сипас мақолаи илмӣ дар доираи талаботи ҷорӣ аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя ва ё мутахассисони соҳаи дахлдор (номзадҳо ва докторони илм) ташхис мегарданд.
Дар тақриз бояд хусусиятҳои муҳими мақола асоснок карда шаванд. Аз ҷумла, навоварии илмӣ, муҳимияти омӯзиши масъала, арзиши таърихӣ ва фактологии мақола, дурустии иқтибосҳои нишондодашуда, услуби матн, истифодаи адабиёти солҳои охир ва камбудию норасогиҳои мақола. Дар охири тақриз нисбат ба мақола баҳои умумӣ дода мешавад ва ба ҳайати таҳририя дар мазмунҳои зерин хулосаи муқарриз пешниҳод мегарданд: ба чоп тавсия карда шавад; баъди ислоҳи камбудиҳо ба чоп тавсия карда шавад; барои тақриз иловатан ба мутахассиси дигари масъалаи дахлдор фиристода шавад; барои чоп тавсия карда намешавад. Ҳаҷми тақриз бояд аз як саҳифа кам набошад.
Мақолаи илмии барои чоп қабулгардида, аммо ба тағйирот ниёздошта, бо нишон додани тавсияҳои муқарриз ва муҳаррир ба муаллифон фиристода мешаванд. Муаллифон бояд камбудию норасогиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, шакли ниҳоии матни чопӣ ва электронии мақоларо бо дастхати пештарааш ба маҷалла пешниҳод намояд. Баъди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мақолаи илмӣ такроран барои тақриз супорида мешавад ва сипас аз ҷониби ҳайати таҳририя барои чопи он иҷозат дода мешавад.
Мақолае, ки ба он тақризи мусбӣ дода шудааст ва чопи он аз ҷониби ҳайати таҳририя ҷонибдорӣ гардидааст, барои нашр қабулгардида ба ҳисоб меравад.
Раванди тақриздиҳӣ ба мақолаҳои дастнавис ошкоро намебошад. Паҳн намудани хабар дар бораи раванди тақриздиҳии мақолаи дастнавис боиси поймол гардидани ҳуқуқи муаллиф мегардад. Муқарризон барои нусхабардорӣ намудани матни мақола ва истифода намудани он барои эҳтиёҷоти худ ҳуқуқ надоранд.
Муқарризон, инчунин аъзоёни ҳайати таҳририя то нашри мақола иттилооти дар матни мақолаи дастнавис ҷойдоштаро ба манфиати худ истифода бурда наметавонанд.
Тақризҳо дар нашрияи маҷалла ба муддати 5 сол нигоҳдорӣ мешаванд.
Ҳангоми дархост нашрияи маҷалла нусхаи тақризҳоро ба Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ирсол менамояд.